Оркестри симфонии кафедраи созҳои оркестрӣ

Оркестри симфонии

Оркестри симфонии кафедраи созҳои оркестрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба ташаббуси собиқ ректор, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Азизӣ Ф.А. соли 2014  ташкил карда шуд.

Аз соли 2014 то инҷониб  оркестри симфонии кафедра соле 2 маротиба консерти ҳисоботӣ медиҳад. Ҳоло дар оркестр 26 нафар донишҷӯ ва 6 нафар муаллим - иллюстратор фаъолият доранд. Аз онҳо 15 нафар иллюстратор аз ҳисоби донишҷӯёни кафедраи созҳои оркестрӣ, 2 нафар магистрантҳои кафедра, 1 нафар омӯзгор-иллюстратор мебошанд. Роҳбарии оркестри симфониро Давлатов Бахтовар ба зимма дорад.

Давлатов Бахтовар

Ҳайати навозандагони  оркестри симфонии кафедра:

  1. Флейта – 4 нафар
  2. Гобой – 2 нафар
  3. Кларнет – 3 нафар
  4. Тромбон – 1 нафар
  5. Фагот – 2 нафар (1 донишҷӯ, 1 иллюстратор)
  6. Труба – 2 нафар
  7. Валторна – 2 нафар (1 донишҷӯ, 1 иллюстратор)
  8. Скрипка – 9 нафар (7 донишҷӯ, 2 иллюстратор)
  9. Алт – 1 нафар 
  10. Виолончел – 2 нафар
  11. Контрабас – 1 нафар

Соли 2023 дирижёри оркестри симфонӣ Давлатов Бахтовар дар толори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ  операи С. Рахманинов “Алеко”-ро дирижёрӣ намуд. Соли 2024 Лутфуллои Раҳматулло дар толори калони Консерватория операи П.И. Чайковский “Евгений Онегин”-ро бо ҳамроҳии хатмкунандагони кафедраи сарояндагии академӣ иҷро кард. Оркестри симфонии кафедра ҳар сол дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон консерти ҳисоботии солона баргузор мекунанд. Дар якҷоягӣ бо кафедраи сарояндагии академӣ аз соли 2017 шуруъ карда,  дар толори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ имтиҳони давлатӣ аз ихтисоси синфи операвӣ  ва дирижёрӣ (опера ва симфонӣ)  баргузор мешавад.

кафедраи созҳои оркестрӣ

Дар озмуни “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” донишҷӯёни кафедра ҳамчун якканавоз ва ҳамчун навозандаҳои оркестри симфонӣ фаъол буданд. Аз 28-уми март то 6-уми апрел озмуни байналмиллалӣ (созҳои нафасӣ) дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар он озмун  Қурбонов Рустам донишҷӯи курси дуюми кафедра,синфи омӯзгор Раҷабов Далер сазовори ҷои ифтихории сеюм гардид.

Дар кафедраи созҳои оркестрӣ беҳтарин мутахассисони касбӣ кор ва фаъолият доранд. 

Оркестри симфонии кафедраи созҳои оркестрӣ бо Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд дорад. Имрӯзҳо аксарияти навозандагони оркестри симфонӣ кормандони ҳамкори Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ин ба фаъолияти касбии донишҷӯён таъсири мусбат мерасонанд.