Оркестри созҳои халқӣ солҳои 60-ум дар назди факултети санъати Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) таъсис ёфтааст. Яъне, баробари таъсиси кафедраи созҳои халқӣ оркестр низ ба фаъолият шуруъ карда буд. Вале он замон ин оркестри созҳои омехта буд, ки созҳои халқӣ ва созҳои оркестриро дарбар мегирифт. Баъд аз ҷудо шудани кафедраи созҳои халқӣ аз кафедраи созҳои оркестрӣ, оркестри созҳои халқӣ низ мустақил мегардад. Аввалин дирижёри оркестри созҳои халқӣ Набиҷон Абдуллоев буд.
Аз соли 1973 оркестри созҳои халқии кафедраи созҳои миллӣ фаъолияти худро дар Институти давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода идома додааст. Дар давоми фаъолияти оркестри созҳои халқӣ дар муассисаи мазкур дирижёрони оркестри созҳои халқӣ Ҷурахон Обидов, Ҳомидқул Ҷумъаев, Амирбек Мӯсоев буданд. Таҳти роҳбарии номбурдагон оркестри созҳои халқӣ асарҳои машҳури ҷаҳониро дар сатҳи баланд иҷро менамуд.
Аз соли 2003 то имрӯз оркестри созҳои халқӣ дар назди кафедраи созҳои халқии факултети иҷрокунандагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолият намуда истодааст. Роҳбарии оркестрро дар Консерватория Амирбек Мӯсоев, Пиров Ҳасан, Ғуломайдаров Ганҷ ва Маҳмудӣ Аброр ба уҳда доштанд. Аз сентябри соли 2025 сардирижёри оркестри созҳои халқӣ Лутфуллои Раҳматулло таъин гардидааст.
Хатмкунандагони кафедраи созҳои халқӣ, ки квалификатсияи (ихтисоси) дирижёрӣ мегиранд, асари созбандӣ намудаи худро бо оркестр дирижёрӣ менамояд. Бо ин роҳ хазинаи асарҳо ва партитураҳо барои оркестр боз ҳам ғанӣ гардида истодааст.
Ҳамасола оркестри созҳои халқӣ консерти ҳисоботии худро дар толори калони консертии Консерватория баргузор менамояд. Дар барномаи оркестр асарҳои калонҳаҷм, пйесаҳо ва сурудҳо аз эҷодиёти композиторони хориҷӣ, рус ва тоҷик садо медиҳанд.
Аз сабаби норасоии баъзе асбобҳо кафедра бо дастгирии раёсати Консерватория тасмим гирифтааст, ки иллюстраторонро аз берун даъват намояд. Аз ин лиҳоз, дар оркестри созҳои халқӣ дар баробари донишҷӯён, иллюстраторон низ фаъолият мекунанд, ки шумораи онҳо 24-нафарро ташкил мекунанд: аз онҳо 4 – нафар курсҳои якум, 1 – нафар курси дуюм, 1 – нафар курси сеюм, 4 – нафар курсҳои чорум, 1 – нафар магистранти соли якум, 1 – нафар омузгор ва 12 – нафар иллюстраторони беруна.
