Сафари устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии ба фестивали байналмилалии «Гарданбанди Навоҳо»

Posted Thu, 12/11/2026 - 08:15
By admin
 устодон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии

Рӯзҳои 12–14 ноябри соли 2026 дар шаҳри Краснодар, Федератсияи Россия, Фестивали байналмилалии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи санъати мусиқии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Гарданбанди навоҳо» («Ожерелье мелодий») баргузор мегардад.

Дар фестивал ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов иштирок мекунад. Айни замон ҳайат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қарор дошта, ба шаҳри Краснодар сафар менамояд.

Ҳадафи иштирок муаррифии санъати мусиқии тоҷик, фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои ҳунарии кишвар, инчунин таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.

Иштироки Консерватория дар фестивал барои муаррифии истеъдоди ҷавонони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақоми санъати мусиқии миллӣ замина фароҳам меорад.

Ба ҳайати Консерватория сафари бобарор ва дастовардҳои назарраси эҷодӣ таманно дорем!