Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президент – шоҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ»

Posted Wed, 11/11/2026 - 19:04
By admin
Президент – шоҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ

11 ноябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Президент – шоҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия ҳайати намояндагии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, аз ҷумла намояндагони бахши илм, магистрантон, докторантони PhD ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш намояндагони воломақоми давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ниҳодҳои фарҳангиву маърифатӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Консерватория минбаъд низ дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ, тарбияи ҷавонони ватандӯст ва рушди фарҳанги миллӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.