Таҷлили «Рӯзи Модар» дар Консерваторияи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов
Санаи 5-уми март дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи модар” чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Дар чорабинии мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовинони вазири фарҳанг Обид Назариён, Манучеҳр Шарифзода, ректори Консерватория Достизода Миралӣ, ректорони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Муҳриддин Низомӣ ва ДДСТДТ Ҷамшед Ғанизода, роҳбарони муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ва бонувони собиқадори тамоми сохторҳои Вазорати фарҳанг иштирок намуданд.
Нахуст вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни зебои баҳор табрику таҳният гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки модар – ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон ва ойинҳои неки гузаштагон буда, ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол аз они ӯ бошад.
Доир ба нақши занону духтарони кишвар вазири муҳтарам изҳор намуданд, ки занону модарон баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, роҳбару роҳнамо, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос, рӯзноманигору коргардони касбӣ буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар саҳми босазо доранд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки маҳз ҳамин иродаи қавӣ, неруи созанда ва ободкор будани занону модарони тоҷикро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баланд бардошта, имконияту шароити ниҳоят мусоидро барои фаъолияти боз ҳам густурдаи занону духтарон дар ҳамаи вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ фароҳам овардаанд.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани “Рӯзи модар” нишонаи эътибору эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону духтарон ва модарони ниҳоят гиромии мо буда, гувоҳи равшани ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Сипас, барномаи консертии таҳиянамудаи омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерватория манзури ҳозирин гардонида шуд. Барномаи консертӣ саршор аз оҳангу сурудҳои тараннумгари баҳор ва модар буда, сарояндагону навозандагон бо иҷрои моҳирона хотири меҳмононро шод гардониданд.