Маълумот дар бораи маҷаллаи илмии «Мутриб»:
Соли таъсиси расмӣ – 2021-ум аст. Шумораи нахустини маҷаллаи илмӣ соли 2022-ум аз чоп баромад. Дар солҳои 2022 – 2024 ду шумора дар як сол ва аз соли 2025 ва минбаъд – ҳар семоҳа як шумора нашр мешавад. Забонҳои мақолаҳо ба тоҷикӣ (инчунин ба форсӣ, яъне дар хати арабӣ), русӣ ва англисӣ мақбул аст. Мавзӯъи маҷалла марбут аст ба назария ва таърихи мусиқӣ, фалсафаи санъат, фарҳангшиносӣ. Маҷалла барои мактабҳои олии мусиқӣ ва санъат, пажӯҳишгоҳҳо, шабакаи идораҳои театрӣ-консертии мусиқӣ ва дӯстдорони мусиқӣ пешниҳод мегардад.