Дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб 12 май ҳамчун “Рӯзи Шашмақом” ҷашн гирифта мешавад
Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи фарҳанги кишвар пайваста рушд ёфта, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ва санъати мусиқӣ, ки аз садсолаҳо сарчашма мегирад, торафт баландтар мегардад.
Дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб 12 май ҳамчун “Рӯзи Шашмақом” ҷашн гирифта мешавад.
«Шашмақом» пурқиматтарин дурдонаи санъати мусиқии тоҷик ва яке аз жанрҳои қадимтарини мусиқии тоҷик мебошад, ки аз оҳанги мақомҳояш ҷону руҳи инсон ҳаловат мебарад.
Ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорон ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо сайқал дода, қавитар гардондаанд.Шоҳасари мусиқии халқи тоҷик «Шашмақом» садсолаҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, давоми қарнҳо аз насл ба насл идома ёфта, имрӯз ҳамчун мероси башарият маҳсуб меёбад.
Роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов кулли устодон, муҳассилин, кормандон ва мухлисону дӯстдорони ин мусиқии асилро бо Рӯзи «Шашмақом» табрику таҳният менамояд.