Дарсҳои маҳорати устодони санъати Русия
Тибқи анъана, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов мунтазам бо иштироки мутахассисони варзидаи консерваторияҳо ва муассисаҳои олии таълимии мусиқии хориҷӣ дарсҳои маҳорат ташкил карда мешаванд, ки ба баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон ва донишҷӯён равона гардидаанд.
Яке аз чунин дарсҳои маҳорат 22-юми майи соли 2026 баргузор гардид. Онро устоди варзидаи Донишкадаи давлатии фарҳанги Санкт-Петербург, барандаи озмунҳои байналмилалӣ Алексей Юрьевич Караганов ва овозхони «Петербург-Концерт», барандаи озмунҳои умумироссиягӣ ва байналмилалӣ Ираида Сергеевна Николаева доир намуданд.
Дарсҳои маҳорат барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисосҳои «Сурудхонии академӣ» (вокал) ва «Созҳои оркестрӣ» (труба) бомуваффақият гузаштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Караганов Алексей Юрьевич ва Николаева Ираида Сергеевна «Барои гузаронидани дарсҳои маҳорат аз рӯйи ихтисоси труба (вокал), сатҳи баланди маҳорати касбӣ ва саҳми арзишманд дар рушди иқтидори эҷодии донишҷӯён» бо Сертификатҳои Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов сарфароз гардонида шуданд.
Баргузории чунин дарсҳои маҳорат ба баланд бардоштани савияи дониш, малака ва маҳорати иҷрокунандагии (вокалӣ ва созии) омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ нигаронида шудааст. Ин амал ба таҳкими дӯстӣ, ҳамкориҳои судманд ва табодули таҷриба миёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва донишкадаҳои олии мусиқии пешрафтаи кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
