Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ
Имрӯз, 27 ноябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар мусиқии анъанавии Шарқ» бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, олимону муҳаққиқон ва донишмандони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки намаяндагони созмонҳои байналмилалӣ, олимону муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи мусиқӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла, намояндагони Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO), Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мусиқии ҷаҳон дар назди ЮНЕСКО, инчунин олимону муҳаққиқон аз Эрон, Узбекистон, Қирғисистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Корея, Ҳиндустон, Британияи Кабир ва Фаронса дар ҳамоиш ҳузур доштанд.
Конференсия дар ду бахш баргузор гардида, дар маҷмуъ беш аз 30 маърузаи илмӣ пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маърузаҳо ба таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Борбади Марвазӣ, мақоми таърихии ӯ дар ташаккули фарҳанги мусиқии Шарқ, арзишҳои бадеӣ ва назариявии мероси мусиқии ӯ, инчунин таъсири анъанаҳои борбадӣ ба рушди мусиқии суннатии халқҳои минтақа бахшида шуданд.
Дар кори конференсия олимону муҳаққиқон, омӯзгорону унвонҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолона иштирок намуда, бо маърузаҳои илмӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни мероси мусиқии Борбади Марвазӣ, ҷойгоҳи ӯ дар таърихи мусиқии Шарқ ва таъсири анъанаҳои эҷодии ӯ ба фарҳанги мусиқии халқҳои минтақа баромад карданд.
Зимни муҳокимаҳо масъалаҳои мубрами борбадшиносӣ, робитаи таърихии фарҳангҳои мусиқии халқҳои Шарқ, ҳифз ва эҳёи мероси мусиқии ғайримоддӣ ва аҳаммияти таҳқиқоти муқоисавӣ дар омӯзиши таърихи мусиқӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд.
Конференсия барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангии байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои байни муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин муаррифии саҳми Борбади Марвазӣ ва мероси ғании мусиқии тоҷик дар тамаддуни мусиқии ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
