Барномаи консертии ҳунармандони ҷумҳурии Озарбойҷон дар Консерваторияи миллӣ

Тавре маълум аст, имрӯзҳо дар кишвари офтобии мо Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст. Дар меҳмонии пойтахти азизамон адибону ҳунармандон, сарояндагону навозандагон, аҳли зиё, фарҳанг ва эҷоди Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор доранд.
Дар доираи баргузрии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21- уми май ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов гурӯҳи ҳунарии ҷази «Заман» ташриф оварданд.
Роҳбари гурӯҳ Васиф Ҳусейн бо навозандагон Ниҷат Байрамов, Фуад Ҷафар ва Фаган Аласкаров барномаи консертии ҷолибу рангинро таҳти унвони “Шоми мусиқии этноҷаз” манзури ҳозирин гардониданд.