Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

Назархудоев Назархудо Назарбекович

Мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ:
Назархудоев Назархудо Назархудоевич

Солҳои 2011-2015 дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (бахши филологияи тоҷик) таҳсил намудааст.

Фаъолияти меҳнатӣ
•    Солҳои 2016-2022, дар Хадамоти Оғохон оид ба тандурустии Тоҷикистон.
•    Соли 2025, дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба ҳайси сармуҳаррир ифои вазифа намудааст.
•    Аз сентябри соли 2025 то ҳол ба ҳайси мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолият менамояд.

Эҷодиёт ва дастовардҳо
Назархудо Назархудоев узви бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Намунаи ашъори ӯ дар маҷмӯаи дастҷамъонаи шоирони ҷавони Тоҷикистон «Килки сабз» (2021) ва тазкираи адибони ҳавзаи адабии Бадахшон «Сарои сухан» (2025) ба табъ расидаанд. Ҳамзамон, дар рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфузи кишвар, аз ҷумла «Адабиёт ва санъат», «Тоҷикистон», «Бадахшон», «Шоҳдара» ва «Фурӯғи маърифат» ба табъ расида, мавриди истиқболи аҳли адаб ва ҳаводорони сухани ноб қарор гирифтаанд.

Муваффақиятҳо дар озмунҳо:
•    Ҷоизадори озмуни телевизионии «Килки сабз» (ТВ Сафина).
•    Иштирокчии Машварати адибони ҷавони Тоҷикистон (солҳои 2017 ва 2021).
•    Барандаи ҷойи сеюм дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар номинатсияи шоирӣ (2019).
•    Соҳиби ҷойи ифтихорӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС:
Тел: +992112969393
Email:nazarkhudoev1921@gmail.com
 

Барои рушди санъати мусиқии касбӣ, инчунин тарбияи олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорони ояндаи мактаби олии эҷодӣ, дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисоси PhD фаъолият мекунад, ки ҳамзамон унвонҷӯён низ ба таҳсил ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳадафи шуъбаи мазкур ҷалби ҷавонони болаёқат баҳри омӯхтани нозукиҳои ҳунар ва санъати миллӣ, инчунин омодасозии ҳунармандони соҳибкасб ҷиҳати пешрафти санъати мусиқии касбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Қабул ба шуъбаи номбурда аз соли таҳсили 2018-2019 оғоз гардида, ҳамасола теъдоди муайяни ҷавонони болаёқат мутобиқи нақшаи қабул ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. 

Дар зинаи магистратура қабули довталабон аз рӯйи 14 ихтисос ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла:
 

Номгӯи ихтисос

Шифр

1

Санъатшиносӣ-(мусиқишиносӣ)

1-21002-01

2

Режиссура (ороиши овоз)

1-170102-15

3

Сурудхонӣ (академӣ) «Сарояндагии академӣ»

1-160110-01

4

Сурудхонӣ (халқӣ) «Сарояндагии анъанавӣ»

1-160110-02

5

Дирижёрӣ (хори акдемӣ)

1-160102-02

6

Композитсия

1-160101

7

Асбобҳои халқии торӣ-мизробӣ (аз рӯйи самтҳо)

1-160108

8

Санъати эстрадӣ (мусиқии созӣ ва сурудхонӣ)

1-170301-01

9

Санъати эстрадӣ (сурудхонӣ)

1-170301-03

10

Асбобҳои созии камончадор (аз рӯйи самтҳо)

1-160104

11

Асбобҳои нафасӣ (аз рӯйи самтҳо)

1-160106

12

Дирижёрӣ (опера ва симфония)

1-160102-01

13

Асбобҳои халқии торӣ-мизробӣ (аз рӯйи самтҳо) «навозандагии суннатӣ»

1-160108

14

Фортепиано

1-160103

Қабул ба зинаи докторантура аз рӯйи ихтисоси (PhD) аз соли таҳсили 2021-2022 оғоз гардида, айни замон курсҳои якум ва сеюм ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Довталабон ба докторантура аз рӯйи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:

Номгӯи ихтисос

Шифр

 

Мусиқишиносӣ

6D040100

 

Санъати мусиқии анъанавӣ

6D040400

 

Иҷрокунандагии созӣ

6D040200

 

Санъати вокалӣ

6D040300

 

Санъати эстрадӣ

6D040800

Лозим ба зикр аст, ки шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов соли 2018 таъсис ёфтааст. То имрӯз ин боргоҳи ҳунарро дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисоси PhD дастпарварони зиёде хатм намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар роҳи рушду нумӯи фарҳанги асили миллӣ содиқона хизмат мекунанд. 

Аз оғози фаъолияти шуъбаи мазкур то имрӯз, дар маҷмуъ 104 нафар ба зинаи магистратура фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 83 нафар (аз ҷумла 11 хатмкунандаи соли ҷорӣ) таҳсилро бо муваффақият ба анҷом расонидаанд. Дар байни хатмкунандагон 17 нафар занон ва 6 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, ки аз онҳо 4 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 нафар аз Федератсияи Россия ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд.
Зинаи докторантура PhD аз соли таҳсили 2021-2022 роҳандозӣ шуда, то ҳол 9 нафарро ба таҳсил фаро гирифтааст. Аз ин шумора 3 нафар таҳсилро ба итмом расонида, 1 нафар хатмкунандаи соли ҷорӣ ба шумор меравад.

Айни замон дар ин зина се нафар докторант таҳсил менамоянд, ки як нафари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Ба рисолаҳои илмии онҳо доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Ф. А. Азизӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Б.Д. ва дотсент КаримзодаС.С. роҳбарӣ мекунанд.

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барои таҳсили магистрантон ва докторантон тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудаанд. Устодони варзида ва профессорон ба ҷавонон нозукиҳои касбро омӯзонида, дастпарварони ин боргоҳи ҳунар дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.

Аз ҷумла, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли ҷорӣ онҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Инчунин, магистрантон ва докторантони консерватория дар конференсияву семинарҳои илмӣ ва ҳамоишҳои дохилию хориҷӣ фаъолона иштирок менамоянд.