Таҷлили рӯзи байналмилалии Шашмақом
«Шашмақом – достони муҳташами савту калом аст, ки дар навоҳои он беҳтарин ва олитарин орзуву пиндорҳои неки аждодони мо таҷассум гардидаанд. Дар мусиқии Шашмақом намунаҳои маърифатангези назми оламшумули тоҷикӣ бо лаҳни форам ба парвоз омада, руҳи мардуми маърифатпарвари моро болида месохтаанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Ба ифтихори Рӯзи шашмақом, ки дар мамлакат ҳамасола 12- уми май гузаронида мешавад, имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов барномаи консертии Силсилаи бахши созӣ ва овозӣ бо иштироки устодон ва шогирдон оғоз гардид.
Нахуст, ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат бо сухани ифтитоҳӣ барномаи консертиро ҳусни оғоз бахшиданд ва кулли ҳозиринро бо Рӯзи Шашамақом табрик намуда иброз намуданд, ки шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар барномаи консертӣ ректори Донишкадаи давлати санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, Раиси иттифоқи композиторони Тоҷикистон, Амирбек Мусозода иштирок намуданд.
Дар қисмати аввали барномаи консертӣ силсилаи бахши созӣ, қисмати мушкилот садо дод, ки роҳбарии онро омӯзгори калони кафедраи мутрибони анъанавӣ Орипов Солеҳ ба уҳда дошт.
Дар қисмати дуюм силсилаи бахши овозӣ, қисмати савт садо дод.
Бояд қайд кард, ки дар идомаи барномаи консертии мазкур, ки рӯзи 8-уми май доир мегардад, силсилаи бахши овозӣ, қисмати наср садо хоҳад дод.