Сафарҳои ҳунарӣ

Имрӯз, 1-уми майи соли 2025 ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур бо ҳайати хорсароён, ки 8-уми майи соли 2025 ба Федератсияи Россия сафари ҳунарӣ доранд, суҳбат намуд. Дар суҳбат ба масъулони сафар ва ҳайати хорсароён дастурҳои мушаххас дода шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки 8-уми майи соли 2025 дар шаҳри Москва аввалин консерти дастаи калони ҷавонони кишварҳои иштирокдори ИДМ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ дастаи хорсароёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов низ сафарбар гардидааст.