Натиҷаи бесобиқаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»
23-юми октябри соли 2026 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Озмуни мазкур ҳаштумин сол аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва мусоидат ба рушди минбаъдаи он, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбӣ ва ҳунари иҷрокунандагӣ, эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳангу сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, инчунин тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллӣ ва мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.
Қобили зикр аст, ки донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҳамасола дар ин озмуни бонуфуз фаъолона иштирок намуда, бо маҳорати баланди касбӣ ва дастовардҳои эҷодии худ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Дар соли 2024 аз 23 нафар иштирокчии Консерватория, ки ба даври ҷамъбастии озмун роҳ ёфта буданд, 14 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, як нафар Шоҳҷоиза, се нафар ҷойи якум, шаш нафар ҷойи дуюм ва чор нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Соли 2025 низ донишҷӯёни Консерватория натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, дар маҷмуъ 21 ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд.
Соли 2026 бошад, барои Консерваторияи миллии Тоҷикистон марҳалаи махсус ва хотирмон гардид. Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» намояндагони муассиса сазовори се Шоҳҷоиза гардиданд. Ин дастоварди бесобиқа дар фаъолияти муассиса аз истеъдоду маҳорати баланди донишҷӯён, заҳмати пайвастаи устодон ва самаранокии раванди таълиму тарбияи касбӣ шаҳодат медиҳад.
Се Шоҳҷоиза дар номинатсияҳои «Сарояндагии анъанавӣ», «Навозандагии академӣ» ва «Композитории академӣ» ба даст омада, фарогирии самтҳои гуногуни санъати мусиқӣ ва иқтидори эҷодии донишҷӯёни Консерваторияро инъикос менамояд.
Ҳамзамон, намояндагони муассиса дар номинатсияҳои гуногуни сарояндагӣ, навозандагӣ ва композиторӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуда, дар маҷмуъ 25 ғолибро аз ҳисоби иштирокчиёни даври ниҳоӣ ба қайд гирифтанд.
Ин натиҷаҳо бори дигар мақоми Консерваторияи миллии Тоҷикистонро ҳамчун ягона муассисаи таҳсилоти олии мусиқии кишвар дар омодасозии мутахассисони соҳибкасб, тарбияи насли нави ҳунармандон ва ҳифзу рушди санъати мусиқии миллӣ нишон медиҳанд.
Дастовардҳои солҳои охир, бахусус се Шоҳҷоизаи соли 2026, барои аҳли Консерватория мояи ифтихор буда, аз идомаи анъанаҳои неки ҳунарварӣ ва талошҳои пайваста баҳри рушди санъати мусиқии тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳамчун ягона муассисаи таҳсилоти олии мусиқии кишвар дар тарбияи ҳунармандони соҳибистеъдод, рушди санъати касбии мусиқӣ ва ҳифзу идомаи анъанаҳои миллии ҳунарӣ нақши муҳим дорад. Натиҷаҳои бадастомада бори дигар собит месозанд, ки таваҷҷуҳ ба таълими касбӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва пайванди анъанаҳои миллӣ бо равандҳои муосири эҷодӣ самараи назаррас медиҳад.
Се шоҳҷоизаи озмун – дастоварди бесобиқа
Аз рӯйи натиҷаҳои даври ниҳоии озмун се донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба гирифтани шоҳҷоиза мушарраф гардиданд:
Раҷабов Сафарбег Ҳусайнович – донишҷӯи курси 3, номинаи «Сарояндагии анъанавӣ».
Давлатзода Муҳаммад – магистранти курси 2, номинаи «Навозандагии академӣ».
Насриддинов Эмомназар – донишҷӯи курси 3, номинаи «Композитории академӣ».
Ин дастоварди муҳим бозгӯи гуногунҷанба будани иқтидори эҷодии Консерватория буда, ҳамзамон сатҳи баланди маҳорати сарояндагӣ, навозандагӣ ва эҷодиёти композиториро инъикос менамояд.
Ғолибони ҷойҳои якум
Дар баробари се шоҳҷоиза, намояндагони Консерватория дар як қатор номинаҳо ҷойи аввалро соҳиб шуданд:
1. Ҷалилов Ҷавоҳир Турсунбоевич – курси 4, номинаи «Навозандагии анъанавӣ».
2. Узоқов Маъруф Набиҷонович – магистранти курси 2, номинаи «Композитори анъанавӣ».
3. Ҷумаев Лутфулло – курси 4, номинаи «Навозандагии академӣ».
4. Абдуҳакимзода Нушин – шуъбаи тайёрӣ, номинаи «Сарояндагии академӣ».
Ғолибони ҷойҳои дуюм
Дар даври ниҳоии озмун донишҷӯёни зерин ҷойи дуюмро ишғол намуданд:
1. Одиназода Суҳроб Эркин – курси 2, «Сарояндагии эстрадӣ».
2. Ширинов Самирбек – курси 1, «Навозандагии эстрадӣ».
3. Қувватов Шоҳмақсуд Бахтиёрович – курси 3, «Композитории эстрадӣ».
4. Тоҳиров Аброриддин – магистранти курси 2, «Композитории академӣ».
5. Ҳасанова Фарида – курси 1, «Навозандагии академӣ».
6. Миров Меҳровар – курси 3, «Навозандагии эстрадӣ».
7. Шарифзод Мукобиз – курси 1, «Навозандагии академӣ – созҳои халқӣ».
8. Эшқувватов Саидислом – курси 1, «Навозандагии академӣ – созҳои халқӣ».
9. Почоева Райҳона – курси 3, «Навозандагии академӣ».
Ғолибони ҷойҳои сеюм
Ҷойҳои сеюмро дар номинаҳои гуногуни озмун намояндагони зерини Консерватория соҳиб шуданд:
1. Муҳиддинова Сарвиноз – курси 1, «Сарояндагии эстрадӣ».
2. Сайидои Абдурашид – курси 3, «Навозандагии эстрадӣ».
3. Хайруддинов Сиёвуш – курси 2, «Сарояндагии академӣ».
4. Инатуллоев Илёс – курси 2, «Сарояндагии академӣ».
5. Рахимов Абубакр – курси 1, «Навозандагии академӣ».
6. Файзиев Фируз – курси 1, «Навозандагии академӣ».
7. Саидов Комрон – курси 4, «Навозандагии академӣ».
8. Зоирова Роҳила – курси 1, «Навозандагии академӣ – созҳои халқӣ».
9. Камолова Сабрина – шуъбаи омӯзишӣ, «Навозандагии эстрадӣ».
Натиҷаҳо аз рӯйи номинаҳо
Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, дар даври ниҳоии озмуни мазкур аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар маҷмуъ 25 нафар ғолиб эълон гардидаанд. Дастовардҳои онҳо номинаҳои зеринро фаро мегиранд:
Сарояндагии эстрадӣ – 2 нафар;
Навозандагии эстрадӣ – 4 нафар;
Сарояндагии анъанавӣ – 1 нафар;
Навозандагии анъанавӣ – 1 нафар;
Сарояндагии академӣ – 3 нафар;
Навозандагии академӣ – 10 нафар;
Композитории академӣ – 2 нафар;
Композитории анъанавӣ – 1 нафар;
Композитории эстрадӣ – 1 нафар.
Ифтихори Консерватория ва дастоварди аҳли ҳунар
Натиҷаҳои бадастомада самараи заҳмати пайвастаи донишҷӯён, роҳнамоии устодон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилиятҳои эҷодии ҷавонон мебошанд. Муваффақияти намояндагони Консерватория дар номинаҳои сарояндагӣ, навозандагӣ ва композиторӣ нишон медиҳад, ки муассиса дар баробари ҳифзи арзишҳои мусиқии миллӣ ба рушди самтҳои гуногуни санъати мусиқии касбӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Роҳбарият ва аҳли омӯзгорону кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ғолибонро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти эҷодӣ ва роҳи пуршарафи ҳунарӣ комёбиҳои нав орзу менамоянд.
Се шоҳҷоиза ва 25 ғолиб – нишонаи равшани истеъдод, заҳмат ва иқтидори эҷодии насли ҷавони ҳунармандони Тоҷикистон!
