Иштирок дар конференсияи илмии фестивал-озмуни байналмилалии “Шашмақом”
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, санаи 10-уми майи соли 2026 дар Театри мазҳака ва мусиқии шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи “Шашмақом” фестивал-озмуни байналмилалии “Шашмақом” таҳти унвони “Ушшоқи Раҳмонӣ” ба кори худ оғоз кард ва он то 12-уми май идома ёфт.
Дар идомаи кори фестивал-озмуни мазкур санаи 12-уми май конференсияи илмии фестивал-озмуни байналмилалии “Шашмақом” таҳти унвони “Ушшоқи Раҳмонӣ” баргузор шуд ва дар он роҳбарият ва омӯзгорони Консерваторияи миллӣ иштирок ва бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.
