Барномаи консертӣ бо иштироки ғолибони озмуни ҷумҳурияви

Posted Thu, 05/11/2026 - 18:34
By admin
озмуни ҷумҳурияви

5 ноябри соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бошукӯҳи консертӣ бо иштироки ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Нахуст, ректори Консерватория, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, суханронӣ намуда, устодону кормандон ва донишҷӯёни муассисаро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди устувори ҷомеа нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Сипас, барномаи консертӣ бо пешниҳоди силсилаи асарҳои ватандӯстона, намунаҳои мусиқии миллӣ ва классикии ҷаҳонӣ идома ёфта, ҳунармандони ҷавон маҳорати баланди касбӣ ва истеъдоди иҷрокунандагии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар оғози барномаи ҳунарӣ Самир Ширинов бо асари «Навои Истиқлол» ва Сиёвуш Хайриддинов бо суруди «Эй ҳамватан» табъи ҳозиринро болида гардониданд. Ҳамчунин, Азиза Алиева бо асари «Грозные тучи», Сафарбек Раҷабов бо суруди «Пайрави Пешво», Некрӯз Саидниёзов бо асари «Хоки кӯҳи дӯст», Сайидои Абдурашид бо «Гулчини оҳангҳо» ва Нушин Абдуҳамидзода бо «Суруди Малоҳат» ҳунарнамоӣ карданд.

Дар бахши мусиқии классикӣ Муҳаммад Давлатзода бо иҷрои «Консерт барои гобой»-и бастакори маъруфи итолиёвӣ Антонио Вивалди маҳорати баланди навозандагии худро нишон дод. Ҳамчунин, оркестри эстрадии Консерватория асари мусиқии «Ҳафтранг»-ро пешкаши ҳозирин гардонида, Сӯҳроб Одиназода бо суруди «Ҷонпаноҳ» ба барномаи консертӣ ҳусни анҷом бахшид.

Барномаи консертӣ бо муҳтавои баланди ватандӯстона ва фарогирии осори гуногуни мусиқӣ на танҳо фазои идона ва рӯҳияи баланди маънавиро ба вуҷуд овард, балки бозгӯи имкониятҳои эҷодӣ, маҳорати касбӣ ва истеъдоди насли ҷавони санъаткор низ гардид.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар самти тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, муаррифии дастовардҳои санъати мусиқии тоҷик ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷомеа аҳаммияти хосса дорад.

Ин гуна иқдомҳо аз таваҷҷуҳи пайваста ба рушди санъати мусиқии касбӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва тарбияи насли дорои ҳисси баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ шаҳодат медиҳанд.