Маҷлиси интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мутриб”

Posted Fri, 04/18/2025 - 15:11
By admin
Давлатзода Баҳодур

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзо созмон ёфта, аз тарафи Кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дорои ваколатҳои муайян буда, ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ роҳбарӣ мекунад. 18-уми апрели соли ҷорӣ дар конфронстолори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов маҷлиси интихоботии ташкилоти ибтидоии《МУТРИБ》доир гардид.

Дар кори маҷлис муовини раиси ҲХДТ дар н. Шоҳмансур, Содиқиён Умед, сарпарасти ташкилоти ибтидоии《МУТРИБ》намоянда ҲХДТ дар н. Шоҳмансур ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат иштирок доштанд.

Давлатзода Баҳодур Давлат нахуст, меҳмононро муаррифӣ намуда, қудуми муборакашононро ба ин боргоҳи ҳунар хушомадед гуфтанд. Муовини раиси ҲХДТ дар н. Шоҳмансур, Содиқиён Умед рӯзномаи маҷлисро бо ҳозирин пешниҳод намуд. Маҷлис аз 3 масъала иборат буд:

  • Интихоби раис ва муовини ташкилоти ибтидоӣ
  • Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси олӣ.
  • Масъалаҳои ҷорӣ.

Мувофиқи баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МУТРИБ” бо тарафдории аъзои ташкилот Давлатзода Баҳодур Давлат интихоб карда шуда, ҳамзамон муовини раиси ташкилот, Тошов Муҳаммадюсуф интихоб гардид.

Дар масъалаи дуюм раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МУТРИБ” Давлатзода Баҳодур Давлат ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси олӣ суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёмҳои солҳои қаблӣ фарқ дорад.

Зеро ҳадафҳои стратегие, ки барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дар Паёмҳои қаблӣ мавриди баррасӣ гардида буданд, амалӣ гардиданд. Инчунин таъкид намуданд, ки соҳаи фарҳанг дар кишвар рӯз аз рӯз такомул ёфта истодааст ва барои боз ҳам пешрафти соҳаи мазкур якояки мо содиқона саҳми арзандаи хешро гузорем. Масъалаи сеюми маҷлис ин масъалаҳои ҷорӣ буд.

Дар фарҷом омӯзгорону кормандони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Бурҳонов Манучеҳр, Ахмедов Зуҳриддин, Муборакшоева Сумангул ва Тошов Муҳаммадюсуф, бахшида ба 《РӮЗИ ПОЙТАХТ》 ва ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар ҲХДТ бо сипосномаи раиси ҲХДТ дар н. Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд. Инчунин 18 нафароне, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд, ба онҳо шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.