Муваффақияти навбатии донишҷӯи Консерватория дар олимпиадаи байналмилалӣ

Posted Fri, 17/04/2026 - 21:02
By admin
олимпиадаи байналмилалӣ

Дар доираи Форуми байналмилалии “Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд”, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, донишҷӯи курси аввали факултети санъати мусиқии эстрадӣ Туразода Шаҳром дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ фаъолона иштирок намуд.

Олимпиада бо иштироки донишҷӯён аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Қазоқистон, Узбекистон ва Россия баргузор гардида, рақобати баландро фароҳам овард. Дар чунин муҳити рақобатнок, ба даст овардани 75 бал аз ҷониби Туразода Шаҳром натиҷаи назаррас ва арзанда ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки иштироки донишҷӯ таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Саидзода Р.С. сурат гирифта, ин дастовард бозгӯи сатҳи хуби омодагии донишҷӯён ва таваҷҷуҳи муассиса ба рушди забономӯзӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои байналмилалӣ мебошад.