Намояндагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон
Намояндагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Консерваторияи давлатии Узбекистон иштирок намуда, бо дастовардҳои касбӣ ва саҳми арзанда дар рушди санъати мусиқии касбӣ қадрдонӣ гардиданд.Рӯзҳои 15–16 октябри соли 2026 дар Консерваторияи давлатии Узбекистон конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ташаккул ва рушди санъати овозхонии академӣ ва педагогика дар Узбекистон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба 100-солагии зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Саодат Қобулова ва ходими фарҳангии Ҷумҳурии Узбекистон Муқаддас Ризаева бахшида шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами рушди санъати овозхонии академӣ, такмили усулҳои таълими касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-эҷодӣ дар соҳаи мусиқӣ равона гардида буд.
Дар конфронс намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқии касбӣ ва мутахассисони соҳаи санъат масъалаҳои марбут ба рушди овозхонии академӣ, таҷрибаи пешқадами педагогӣ, такмили усулҳои таълим ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқи касбиро дар омодасозии мутахассисони соҳибтахассус мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат (онлайн) ва мудири кафедраи сарояндаи академӣ ва дрижёри хор, дотсент Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, Содиқ Нуруллоев иштирок намуданд.
Дар доираи конфронс фаъолияти намояндагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон баҳои баланд гирифта, ректори муассиса, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат, барои иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур бо сипосномаи Консерваторияи давлатии Узбекистон сарфароз гардонида шуд.Ҳамзамон, Содиқ Нуруллоев бо баргузории дарси маҳорат дар назди иштирокдорони конфронс таҷрибаи касбӣ ва педагогии худро муаррифӣ намуда, барои саҳмгузорӣ дар чорабинии илмӣ-амалӣ бо сертификати Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон қадрдонӣ гардид.
Дарси маҳорат дар толори хурди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон баргузор шуда, ба масъалаҳои муҳими санъати овозхонии академӣ, маҳорати иҷроиш ва хусусиятҳои таълими сурудхонии касбӣ бахшида шуд. Дар ҷараёни он ҷанбаҳоитакмилимаҳоратиовозхонӣ, истифодаиусулҳоимуассиритаълимватаҷрибаипедагогӣбаррасӣгардида, бароитабодулитаҷрибаикасбӣватаҳкимиробитаҳоиэҷодӣмиёнимутахассисонисоҳаимусиқӣзаминаимусоидфароҳамовардашуд.
Иштироки намояндагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои муаррифии дастовардҳои мактаби мусиқии тоҷик, густариши робитаҳои илмӣ ва эҷодӣ, табодули таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва такмили низоми омодасозии кадрҳои соҳибихтисос аҳаммияти муҳим дорад.
Ин иштироки судманд бозгӯи таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои касбӣ, илмӣ ва эҷодӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
