Маҷаллаи илмии "Мутриб"

Маҷаллаи илмии «Мутриб» яке аз дастовардҳои муҳимми илмӣ-таҳқиқотии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба шумор меравад.

Дар солҳои 2022–2024 маҷалла соле ду шумора нашр гардида, аз соли 2025 ва минбаъд ба таври ҳар семоҳа (чор шумора дар як сол) ба табъ мерасад.
Забонҳои нашр: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • бори нахуст 4 августи соли 2022, таҳти №258/МҶ-97;
  • бори дуюм 29 декабри соли 2025, таҳти №451/МҶ-97 сабти ном шудааст.

Самт ва муҳтавои маҷалла:
Мавзуоти маҷалла фарогири масъалаҳои зерин мебошанд:

  • назария ва таърихи мусиқӣ;
  • фалсафаи санъат;
  • фарҳангшиносӣ;
  • таҳқиқи мусиқии касбӣ ва суннатии тоҷик.
  • Маҷалла барои устодону донишҷӯёни мактабҳои олии мусиқӣ ва санъат, пажӯҳишгоҳҳо, кормандони шабакаи идораҳои театрӣ-консертӣ ва дӯстдорони мусиқӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо роҳандозии ин нашрия муҳаққиқони Консерватория ва дигар муассисаҳои таълимии фарҳангӣ имконият пайдо намудаанд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва мақолаҳои илмӣ-оммавии худро перомуни паҳлуҳои гуногуни фарҳанг, бахусус мусиқии суннатии тоҷик, ба таври васеъ интишор намоянд.
Маҷалла бо ибтикори доктори илми санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ ва бо дастгирии ректори ҳамонвақта, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достизода таъсис ёфтааст.
«Мутриб» ҳамчун минбари муҳимми илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи мусиқишиносӣ мавқеи устувор касб намуда, то имрӯз дар ҳашт шумора ба нашр расидааст ва дар муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин густариши робитаҳои илмии соҳа саҳми арзанда мегузорад.
Ҳайати таҳририя ва мушовараи маҷаллаи илмии «Мутриб»
Маҷаллаи илмии «Мутриб»-и Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дорои ҳайати таҳририяи бонуфуз ва мушовирони байналмилалӣ мебошад.

САРМУҲАРРИР

Давлатзода Баҳодур Давлат – номзади илмҳои санъатшиносӣ, ректор.

МУОВИНИ САРМУҲАРРИР

Азизӣ Фароғат Абдуқаҳҳорзода – мусиқишинос, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор.

Ҳайати таҳририя

  • Низомов Аслиддин – мусиқишинос, доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
  • Латифзода Диловар Назришоҳ – доктори илмҳои педагогӣ, профессор.
  • Сафаров Сайфулло Саъдуллоевич – номзади илмҳои фалсафа.
  • Назарова Лариса Александровна – номзади илмҳои санъатшиносӣ.
  • Шарифзода Лутфулло Абдулло – муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ.
  • Ҳомидзода Сангалӣ Саттор – композитор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, муовини раиси ИК Тоҷикистон.
  • Камолова Хосият Қурбоналиевна – номзади илмҳои фалсафа.
  • Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло – декани факултети иҷрокунандагӣ, масъули чопи шумора.
  • Ҳайати мушовара (байналмилалӣ)
  • Саката Хироми Лоррейн – доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор (ИМА).
  • Рахимов Равил Галимович – доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор (ФР).
  • Сосон Фошимӣ – доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор (Эрон).
  • Ҳусейнова Лала – номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор (Озарбойҷон).

Ҳайати таҳририя ва мушовараи маҷалла бо фарогирии олимони ватанӣ ва хориҷӣ ба баланд бардоштани сатҳи илмии нашрия, таъмини сифат ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
 


Мутриб
Мутриб
Мутриб
Мутриб