Китобхонаи Консерватория соли 2005 ба фаъолият оғоз намудааст. Нахустин мудири китобхона И. Мядиева буд. Баъдан Одинаев А. солҳои 2017-2021, солҳои 2021-2023 Наврузбекова Г., солҳои 2023-2025 Раҳмонова Г. З. вазифаи мудирии китобхонаро ба зимма доштанд.
Дар Консерватория моҳи сентябри соли 2012 китобхонаи электронӣ таъсис дода шуд ва хазинаи электронии он алҳол зиёда аз 500 ададро ташкил медиҳад. Хазинаи умумии китобхона аз 40188 нусха иборат аст. Дар китобхона ҳамчунин 32 номгӯй рӯзномаву маҷаллаҳо маҳфузанд.
Китобхонаи Консерватория дар ҷашну маросимҳои сатҳи гуногун иштирок ва намоиши китобҳоро ташкил мекунад. Он солҳои 2016, 2017, 2018 ва 2019 дар намоиши таҳти унвони “Китоби Душанбе” бо дипломҳои ифтихорӣ қадр карда шудааст.

Мудири китобхона Аҳророва Земфира Собировна
Солҳои 2018-2022 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст.
Соли 2022 шуъбаи магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Аз 1-уми сентябри соли 2025 ба ҳайси мудири Китобхонаи Консерватория фаъолият мекунад.
Шарифова Меҳрафзо Зарифовна
Солҳои 2021-2025 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст.
Аз 1-уми сентябри соли 2025 ба ҳайси китобдор-библиографи Китобхонаи Консерватория фаъолият мекунад.
Раҳмонова Раҳо Имомалиевна
Аз 1-уми октябри соли 2025 ба ҳайси китобдор-библиографи Китобхонаи Консерватория фаъолият мекунад.
