Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин”

Posted Tue, 02/13/2024 - 16:14
By admin

Имрӯз дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур, сарпарасти соҳаи иҷтимоиёт Нурляминзода Саида, мудири бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Давлатов Эмомалӣ, мудири шуъбаи морифи ноҳияи Шоҳмансур Мусоҷонзода Ҷамила, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Одинашоева Марям, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Маҳмудзода Орзубек ва ноиби ректор оид ба илми Консерватория Латифзода Диловар Назришо иштирок намуданд.

Чи тавре ки зикр гардид, озмуни мазкур бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 20-уми апрели соли 2021 (таҳти №219)ташкил гардида, аз руй 4 номинатсия гузаронида мешавад. Имсол дар озмун беш аз 48 китобхонаҳои муаассиса ва ташкилоту идораҳои ноҳияи Шоҳмансур ширкат намуданд.

Боиси хурсандист, ки дар ин озмун китобхонаи Консерватория аз руйи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ” сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд.

Ба ин муносибат роҳбарияти Консерватория кормандони китобхонаи муассисаро самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон пешравиҳо таманно карданд.