Таҳким ва рушди ҳамкориҳои судманд

Posted Tue, 03/11/2026 - 21:20
By admin
Давлатзода Баҳодур

Дар рӯзҳои баргузории Форуми байналмилалии таҳсилоти Осиёи Марказӣ (27–30 октябри соли 2026) дар шаҳри Тошканд ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодур Давлат бо роҳбарияти Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Созишномаи мазкур ба таҳкими робитаҳои мустақими байни ду муассисаи таҳсилоти олии касбии мусиқӣ ва фароҳам овардани заминаи нави ҳамкориҳои таълимию илмӣ ва эҷодӣ равона гардидааст.

Дар доираи ҳамкориҳои пешбинишуда рушди табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, мубодилаи таҷрибаи педагогӣ ва эҷодӣ, татбиқи ташаббусҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузории конференсияҳо, семинару дарсҳои маҳорат ва чорабиниҳои муштараки консертӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ ба ҳисоб мераванд.

Аҳаммияти ин созишнома, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он барои густариши фазои ягонаи ҳамкориҳои касбӣ миёни муассисаҳои мусиқии ду кишвар, истифодаи имкониятҳои мавҷудаи таълимию эҷодӣ ва тарбияи мутахассисони рақобатпазири соҳаи санъати мусиқӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба имзо расидани ин санад идомаи мантиқии сиёсати Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар самти тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ буда, барои муаррифии имкониятҳои илмию эҷодии муассиса, таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва рушди минбаъдаи муносибатҳои касбӣ дар соҳаи санъати мусиқӣ иқдоми муҳим ба шумор меравад.