Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Posted Wed, 12/11/2024 - 18:08
By admin

Имрӯз дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбеков Садриддин, муовинони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, Шарифзода Манучеҳр Муртазо ва намояндагони муассисаҳои тобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гашт.

Ҳамоишро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Сипас, сардори шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ширинбеков Садриддин оид ба нақши калидии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик ибрози назар кард.

Дар қисмати дуввуми ҳамоиш барномаи консертӣ бо иштироки донишҷӯёни Консерватория ва ансамбли мардонаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода манзури ҳозирин гардонида шуд.