Унвони илмӣ муборак!

Боиси хушнудии ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аст, ки устоди кафедраи созҳои халқӣ Қурбоналӣ Ёқубов аз рӯйи ихтисоси санъат бо шаҳодатномаи унвони илмии профессор сарфароз гардидаанд. Ҳуҷҷати мазкур санаи 30 январи соли 2025 таҳти №2 дар асоси қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Консерваторияи миллӣ Қурбоналӣ Ёқубовро барои сазовор гардидан ба унвони илмии профессор табрику муборакбод намуда, барояшон барору комёбӣ таманно менамоянд.
Унвони илмӣ муборак устоди азиз!