Идомаи консертҳои ҳисоботӣ

Posted Fri, 06/14/2024 - 19:08
By admin

Имрӯз дар Толори калони Консерватория консерти ҳисоботии оркестри эстрадӣ баргузор гардид, ки дар он устодон ва кулли донишҷӯёни факултети санъати мусиқии эстрадӣ ҳунарнамоӣ намуданд. Барномаи консертӣ аз оҳангҳои машҳури бастакорони тоҷик ва хориҷӣ иборат буда, роҳбарии оркестрро омӯзгори кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ Умаров Ҷӯрабек ба уҳда дошт.

Ҳамчунин, имрӯз дар Толори хурд консерти синфии и.в. дотсенти кафедраи фортепианои тахассусӣ Олимова Хосият низ доир гашт. дар консерт донишҷӯёни шуъбаи фосилавии кафедраи мазкур маҳорати навозандагии хешро ба ҳозирин пешкаш намуданд.