Илм ҳусни занон аст
Ба ақидаи ман илм инсонро аз рафтору кирдори бад нигоҳ дошта ба хулқу атвори нек ҳидоят мекунад. Фақат илму дониш инсонро ба мартабаҳои баланд мерасонад.
Илова бар ин, омӯхтани илм ба заковати инсон ба қувваи ақлӣ ва қобилияти инсон таъсир мегузорад. Ба ақидаи Синои бузург муроди инсон аз омӯхтани илм фақат ғизои рӯҳӣ набуда, балки дар ҳаёт аз он истифода бурдан аст. Барои ҳамин илм бо амал барои инкишофи тафаккур аҳаммияти калон дорад. Ман фикр мекунам, ки зани соҳибмаърифат аз кирдорҳои пасту зишт парҳез мекунад. Ва барои тарбияи насли наврас саҳми калон мегузорад. Чӣ аз ҷиҳати илмӣ бошад ва чӣ аз чиҳати ақлӣ.
Ман фикр мекунам, ки ақли инсон ҳадду канор надорад. Зан-бомаърифат, далер, нотарс ва шуҷоатнок аст. Барои ҳамин гирифтани маълумотро ба ҳар як занону модарони ҷомеа зарур мешуморам. Илму дониш ва сухане, ки инсон дар зиндагиаш аз бар менамояд, бояд дар амалия истифода бурд. Чунки илм дар ҳамон вақт қадру қимат ва мартабаи инсонро зиёд мекунад, ки агар дар амал истифода карда шавад. Абдураҳмони Ҷомӣ илму донишро тоҷи сари ҳамаи ҳунарҳо мушкилкушои ҳамаи дарҳо низомдиҳандаи олам ва шарафи одамӣ номидааст.
Дониш занонро ба дарёфти ҳақиқати зиндагӣ фаҳму дарки саҳеҳи ҳодисаву воқеаҳои ҳаёт, кашфи қонуни тараққӣ ва пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёт, замину коинот ҳаллу фасли дилхоҳи масоили мухталифи пешомада, раҳнамун менамояд. Илму дониш воситаи асосии ташаккули шахсияти инсон мебошад ва илму дониш дар натиҷа машаққат ба даст меояд. Ранҷе, ки одам барои ба даст даровардани илму дониш мекашад, асосан ранҷ не, балки ганҷи безавол аст.
Илму дониш сарвати бебаҳоест, ки дар роҳи ба камол расидани шахс мадад расонда, қувваи рӯҳию дониши ӯро такмил медиҳад. Занон дар кадом ҳолате, ки набошанд хоҳ бадбахтию сахтӣ, хоҳ хушбахтию оромӣ илм ба ӯ кӯмак мерасонад ва ҳамеша ҳамқадами ӯст.
Шоире мефармояд:
Илмаст бараҳнарӯй маъно бараст,
Дил ҳелчаи анкабуд, тан болу параст.
Заҳр аст ҷафои илм маънош шакар аст,
Ҳар кас аз ин шакар чашад шеъри нараст.
Чи тавре, ки Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтааст: “Илму дониш омӯхтанро на барои шаъну шараф, балки барои таҳқиқи дунё зарур шумор”.
Мусаллам аст, ки хар як зани сохибмаърифат бо илму дониши гирифтаи худ дар ҷомеаи муосир ҷойгаҳи махсусро ишғол намудааст. Мақоми иҷтимои пайдо кардани занону бонувон дар сохаҳои гуногун аст аз қабили соҳаи маориф, тандурустӣ, соҳаи ҳарбӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ кору фаолият менамоянд. Ин аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ҳама самтҳои гуногун занону бонувонро раҳнамуд месозанд. То ки занону бонувон озодона дар самтҳои интихоб намудаашон кору фаъолият намоянд.
Ҳар ки шаъмаш зи илм дар гирад,
То абад доғи марг напазирад.
Ман фикр мекунам, ки занону бонувони тоҷик нисбат ба занони давлатҳои дигар бо иффат бо илму дониш ва бо заковат мебошанд. Чи тавре, ки ба ҳама маълум аст, занону модарони гулдасти чакандузамон, ки ҳазор рангу тахайюлҳои гуногунро нишон медиҳад, ҳар як бонуи тоҷик баробари ба бар кардани либоси милии хеш, дар худ ҳусну таровати дигар мебинад. Ин донишмандии занонро нишон медиҳад. Хулоса илму дониш дар ҳаёти занону бонувон бениҳоят зарур аст.
Вализода Шабнам
раиси Шурои бонувони
Консерваторияи миллии Тоҷикистон.