Иштироки ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар барномаи консертии донишҷӯён ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ

Posted Thu, 09/11/2025 - 11:48
By admin
Давлатзода Баҳодур Давлат

Шоми имрӯз, 10-уми сентябри соли 2025, бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат бо ҳадафи шиносоӣ бо шароити зисти донишҷӯён, аз хобгоҳи муассиса боздид ба амал овард.

Дар рафти боздид, ректори Консерватория бо донишҷӯён суҳбатҳои озоду самимӣ анҷом дода, дар бораи шароити зист, таъминот, ҳолати санитарӣ ва эҳтиёҷоти донишҷӯён маълумот дарёфт намуд. Вай таъкид дошт, ки раёсат ҳамеша барои беҳтар кардани шароити зист ва фароҳам овардани муҳити солими таълимӣ саъю кӯшиш менамояд.

Боздиди Давлатзода Баҳодур Давлат аз хобгоҳи донишҷӯён

Илова бар ин, бо ибтикори роҳбарияти Консерватория ва бахши корҳои тарбиявӣ, барномаи консертии ҷашнӣ ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори хобгоҳ бо иштироки фаъоли донишҷӯёну устодон баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани табрикотии ректор Давлатзода Баҳодур Давлат ифтитоҳ гардид. Дар табрикоти худ, ректор аҳаммияти таърихии Истиқлолро зикр намуда, гуфт:

"Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик оғози марҳалаи нави рушди фарҳанг, илм ва санъат буд. Мо, аҳли фарҳанг, вазифадорем, ки арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз ва ба наслҳои оянда ба таври шоиста интиқол диҳем."

Дар барномаи консертӣ донишҷӯён бо маҳорати баланди сарояндагию иҷрокунандагӣ ҳунарнамоӣ намуда, руҳи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллиро тавассути суруду мусиқӣ баён намуданд. Ин консерт на танҳо ҷашнворае барои Истиқлол, балки намоиши қобилиятҳои эҷодии донишҷӯёни Консерватория ба шумор мерафт.

Дар фарҷом, ректори Консерватория ба иштирокчиёни фаъол изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон муваффақият, илҳоми эҷодӣ ва муҳаббат ба Ватан орзу намуд.

Чунин чорабиниҳои ҷашнӣ ва боздидҳои шахсии роҳбарият ба таҳкими робитаи маъмурият бо донишҷӯён мусоидат намуда, фазои дӯстона ва созандаро дар муҳити таълимию эҷодӣ ба вуҷуд меоранд.