Консерти Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев

Posted Sun, 02/08/2026 - 15:10
By admin
Содиқ Нуруллоев

7 феврали соли 2026, дар толори бошукӯҳи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти хосаи Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, як шоми пуршукуҳи мусиқӣ ва саҳнавиро пешкаши ҳаводорони санъат намуд.

Дар доираи барномаи консертӣ бо иштироки оркестри симфонӣ, хори академӣ, солистони опера ва ҳунармандони балет беҳтарин намунаҳои санъати мусиқӣ ва саҳнавӣ иҷро гардиданд.

Консерти Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев

Мавриди зикр аст, ки дар ин барномаи ҳунарӣ се духтари Содиқ Нуруллоев низ бо маҳорати волои ҳунарӣ асарҳоро иҷро намуданд, ки нишон аз идомаи шоистаи роҳи ҳунарии падар будани онҳоро гувоҳ гардид.

Ҳамчунин, дар ҷараёни консерт муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён суханронӣ намуда, хизматҳои арзишманди ҳунармандро дар рушди санъати касбии миллӣ баланд арзёбӣ кард. Ба ин муносибат Сипосномаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Содиқ Нуруллоев тақдим гардид.

Консерт таҳти унвони «Нозам аз бахти баланд» таҷассумгари арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, мероси ғании мусиқӣ ва дастовардҳои санъати касбии тоҷик буда, дар қалби тамошобинон таассуроти амиқ боқӣ гузошт.