Таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ дар арсаи байналмилалӣ

Posted Mon, 23/11/2026 - 18:09
By admin
Бахтиёр Убайдзода

Бахтиёр Убайдзода, доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи санъатшиносӣ, омӯзгори кафедраи композитсия ва созбандии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар як қатор чорабиниҳои муҳими илмӣ ва эҷодии байналмилалӣ, ки рӯзҳои 19-20 ноябри соли 2026 дар шаҳри Тошканд баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати касбӣ ва дастовардҳои илмию эҷодии мусиқии тоҷикро муаррифӣ кард.

19 ноябри соли 2026 Бахтиёр Убайдзода дар конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 80-солагии доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ Флора Мухторова иштирок намуд.

Дар доираи чорабинӣ дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дарси маҳоратии ӯ таҳти унвони «Таҳаввули фугаи ҷазӣ: аз Дариус Мийо то Фирӯз Баҳор» баргузор гардид. Дар дарси маҳорат омӯзгорону донишҷӯёни кафедраҳои таърих ва назарияи мусиқӣ, композитсия ва созбандӣ, фортепианои тахассусӣ, инчунин дирижёрони оркестри Консерваторияи Тошканд иштирок доштанд.

Дарси маҳорат бо истифода аз презентатсияи ҷолиб, таҳлили намунаҳои мусиқии касбӣ ва баррасии масъалаҳои назариявию амалии мавзуъ сурат гирифта, бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор дар фазои гарму самимӣ анҷом ёфт.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳайати профессорону олимони кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ маҳорати касбӣ ва сатҳи баланди омодагии илмии Бахтиёр Убайдзодаро баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор ва мусиқишиноси маъруф Флора Мухторова, ки дар таҳқиқи соҳаи полифония саҳми арзанда дорад, муҳтавои дарс ва фаъолияти омӯзгории ӯро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.

Барои дар сатҳи баланди касбӣ баргузор намудани дарси маҳорат Бахтиёр Убайдзода бо сертификат сарфароз гардонида шуд. Ҳамчунин, ректори Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон фаъолияти ӯро бо мактуби сипоснома қадрдонӣ кард.

20 ноябри соли 2026 конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 80-солагии композитори маъруф ва дирижёр Мустафо Бафоев баргузор гардид. Бахтиёр Убайдзода дар кори конференсия бо маърӯзаи илмӣ иштирок намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои мусиқишиносӣ ва эҷодиёти композиторӣ баён кард.

Дар идомаи чорабинӣ ӯ табрикоти раёсат ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Баҳодурро ба муносибати 80-солагии устод Мустафо Бафоев қироат намуда, аз номи роҳбарияти Консерватория дипломи профессори фахрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторовро ба ӯ тақдим кард.

Иштироки фаъолонаи Бахтиёр Убайдзода дар ин чорабиниҳои байналмилалӣ бозгӯи густариши ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодии Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии мусиқии кишварҳои минтақа, муаррифии дастовардҳои санъати мусиқии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мебошад.