Беҳрӯз Сайфиддинов дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷои аввал шуд
![sayfiddinov-behruz](/sites/default/files/2024-01/sayfiddinov-bekh_ruz.jpg)
27-уми ноябри соли равон дар Консерваторияи давлатии Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни байналмилалии олимон-мусиқишиносони ҷавон таҳти унвони “Мусиқии давлатҳои Авруосиё дар контексти ҷаҳонӣ ”доир гардид.
Сайфиддинов Беҳрӯз мудири кафедраи фортепианои тахассусӣ дар номинатсияи “Мусиқишиносӣ” (гуруҳи аспирантон ва омӯзгорон) ширкат намуда сазовори дипломи дараҷаи 1-ум гардид.
Ба ин муносибат роҳбарияти Консерватория ва ҳайати профессорону омӯзгорон Сайфиддинов Беҳрӯзро табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодӣ комёбиҳои нав ба нав таманно менамоянд.