Вохӯри бо ректори Консерватория

Posted Fri, 04/04/2025 - 10:18
By admin
Сатторов Баҳодур

Директори Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Камолиддин Сайфиддинзода бо ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Баҳодур Давлатзода мулоқот анҷом дод.

Роҳбарони ду муассиса роҷеъ ба ҳамкорӣ дар самтҳои эҷодӣ ва таълимӣ гуфтугӯ карданд. Аз ҷумла, масъалаи муҳими омода кардани кадрҳои миллӣ дар соҳаи мусиқии академӣ, ки театр то ҳол камбуди онро дар ҳайати оркестр эҳсос мекунад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Мо донишҷӯёни болаёқатро дастгирӣ мекунем ва онҳоро дар оянда барои кор ба театр ҷалб менамоем, – гуфт Камолиддин Сайфиддинзода. – Ҳамчунин, ҳунармандони даъватшудаи оркестр, ки аз хориҷ омадаанд ва дар театр фаъолият доранд, дар консерватория дарс дода истодаанд ва ба раванди таълим саҳми арзанда мегузоранд. Ин анъана ҳанӯз дар замони роҳбарияти қаблии консерватория оғоз шуда буд ва мо онро идома медиҳем», – таъкид кард ӯ.

Дар маркази таваҷҷуҳ омодасозии мутахассисони соҳаи мусиқӣ дар равияҳои зерин қарор дорад:

  • фортепианои махсус,
  • виолончел,
  • скрипка,
  • контрабас,
  • гобой,
  • валторна ва дигар асбобҳо.

Театр ва консерватория ҳамчунин нақша доранд бо намояндагони лоиҳаи байналмилалии «Мактаби фортепианои русӣ» ҳамкорӣ намоянд, мастер-классҳо баргузор кунанд ва мутахассисони сатҳи байналмилалиро ҷалб созанд.

Манбаъ: www.operabalet.tj