Консерти якаи Эҳсон Рамхудоев дар Консерваторияи миллӣ Тоҷикистон

Posted Wed, 18/11/2026 - 19:54
By admin
Эҳсон Рамхудоев

18 ноябри соли 2026 дар Толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов консерти яккаи Рамхудоев Эҳсон — барандаи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, донишҷӯи курси чоруми Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳунарманд маҳорати навозандагии худро дар назди ҳаводорони санъати мусиқӣ муаррифӣ намуда, ба саҳна фазои хоси ҳунарӣ бахшид.

Дар ин барнома Амиpшоева Самира, донишҷӯи курси сеюми Консерваторияи миллии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳамчун консертмейстер иштирок намуд. Эҳсон Рамхудоев дар синфи дотсенти кафедраи иҷрои созҳои халқии Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон Мелибоев Дилшодҷон Алиҷонович ва Самира Амиpшоева дар синфи омӯзгор Қосимова Фируза Шодимоновна таҳсил менамоянд.

Баргузории чунин консертҳо барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон, табодули таҷрибаи эҷодӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангиву ҳунарӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии мусиқии кишварҳои минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад.