Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президент

Posted Thu, 12/11/2026 - 15:11
By admin

11 ноябри соли 2026 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Нахуст, сардори раёсати таълими Консерватория Қурбонзода Оятулло Баракатулло ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати ин санаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ табрик намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки таҷлили чунин санаҳои муҳим дар таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву масъулиятшиносӣ нақши муассир дорад.

Сипас, ҳуқуқшиноси муассиса Саидзода Маҳкам дар мавзӯи «Рӯзи ҳуқуқи инсон ва нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза пешниҳод намуд. Зимни баррасии мавзӯъ зикр гардид, ки ҳадафи асосии таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон тарғиби эҳтиром ба шаъну шарафи инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини баробарҳуқуқӣ, озодӣ ва адолат, инчунин пешгирии ҳама гуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Ҳамзамон, нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳифз ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи конференсия иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи забонҳа ва фанҳои гуманитарии Консерваторияи миллӣ Сайфулло Сафаров дар мавзӯи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили тарбияи ватандӯстии донишҷӯён» маърӯза намуд.

Зимни маърӯза таъкид гардид, ки 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар марҳилаи ҳассоси давлатсозии навини тоҷикон ба вуқӯъ пайваста, дар раванди ташаккули низоми давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар аҳаммияти хосса дошт.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муҳими давлатӣ барои омӯзиши таърихи навини кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар бахши мубодилаи афкор иштирокдорон доир ба масъалаҳои таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосир андешаҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷоми конференсия таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандии омӯзгорону донишҷӯён аҳаммияти муҳим дошта, барои тарбияи мутахассисони дорои ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.