Таҷлили ҷашни ЗО-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар толори хурди Консерватория барномаи ҷашнӣ бахшида ба 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Барнома аз се қисмат иборат буда, дар қисмати аввал ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов профессор Достизода Миралӣ суханронӣ намуданд. Дар қисмати дуввум консерти ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва дар қисмати саввум намоиши китобҳо таҳти унвони «Китоб – шиносномаи халқу миллат» манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар ибтидо, устод Достизода Миралӣ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, таъкид намуданд, ки маҳз Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла, озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, дар татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош намоем.
Зикр гардид, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар ва қабули Конститутсия тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа мақоми муайянро гирифта, яке аз самтҳои муҳими он инъикоси масъалаҳои эҳё ва рушди фарҳанг дар ин санади тақдирсоз мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг мавқеъ ва ҷойи махсусро ишғол менамояд. Оид ба масъалаҳои нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳангӣ дар моддаи 40-уми Конститутсия чунин омадааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳанги ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад».
Аз ин рӯ, аҳли фарҳангро мебояд дар ҳамин замина фаъолият намуда, дар рушду нумуъи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми босазо гузоранд.
Барномаи консертӣ бо иштироки ғолибони озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» хеле ҷолиб буда, дар он суруду оҳангҳои тараннумгари Ватан ва озодиву меҳанпарастӣ иҷро гардиданд.