Таҷлили рӯзи Рӯдакӣ дар Консерватория
Имрӯз (19.09.2024) дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ҳафтумин маҳфили “Рӯдакихонӣ” ба ифтихори 1166-солагии Асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барпо гардид.
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон рӯдакихонию рӯдакишиносӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад ва ин чорабинии миллӣ-фарҳангӣ дар Консерватория бо ибтикори кафедраи забонҳо пайваста таҷлил мегардад.
Дар чорабини мазкур омӯзгори калони кафедра, сармутахассиси раёсати таълим Қурбонов О.Б. ва н.и.ф., омӯзгори калон Шарифзода Л.А. дар бораи рӯзгор ва осори устод Рӯдакӣ ибрози назар намуда, донишҷӯёни курси якуми факултетҳои мусиқии суннатии тоҷик ва иҷрокунандагӣ аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд.
Инчунин, донишҷӯён тарҷумаи шеърҳои шоирро бо забони русӣ қироат намуданд. Дар охир, ноиби ректор оид ба тарбия ва эҷод Исмоилов А.Ҷ. иқдоми кафедраи забонҳоро ташаббуси хуб эълон намуда, ҳозиринро ба 1166-солагии Асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муборакбод намуда, таъкид намуданд, ки мо бояд ашъори устод Рӯдакиро аз хурдӣ ҳифз намуда, дар рӯзгори худ истифода намоем. Дар маҷмуъ, чорабинии “Рӯдакихонӣ” дар Консерватория хубу хотирмон таҷлил гардид.