Намоишномаи синфи операвӣ

Posted Tue, 06/11/2024 - 15:42
By admin
Намоишномаи синфи операвӣ

6-уми июн дар толори калони Консерватория бо иштироки хатмкунандагон ва донишҷӯёни кафедраи сарояндагии академӣ ва дирижёри хор намоишномаи П. И. Чайковский “Евгений Онегин” ба саҳна гузошта шуд.

Намоишномаи мазкур бо ҳамовозии оркестри симфонии донишҷӯён таҳти роҳбарии магистри соли дуюм Лутфуллои Раҳматулло пешкаш гардид.

Нақшҳои асосиро донишҷӯёни зерин иҷро намуданд:

- дар нақши Трике – донишҷӯи курси 3-юм Саидзода Ғолибшоҳ

- дар нақши Заретский – донишҷӯи курси 4-ум Шодмонбеков Муқбил

- дар нақши саркардаи деҳқонон – магистри соли 2-юм Аҳадов Олимҷон

- дар нақши Гремин – донишҷӯи курси 4-ум Абдуллозода Шерзод.

Маврид ба зикр аст, ки намоишнома аз ҷониби ҳайати комиссияи аттестатсияи давлатӣ хуб пазируфта ва баҳогузорӣ карда шуд.

Ҳайати таҳиягарони намоишнома:

Коргардон – Сӯҳроб Усмонов

Консертмейстер – Раҷабова Лола Маруфовна

Омӯзгор – Баротов Шарифбек.