Таъиноти кадрӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Thu, 09/04/2025 - 13:34
By admin

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ҷаласаи васеи ҳайати роҳбарият ва кормандон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои кадрӣ баррасӣ шуданд.

Бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим Аҳмадзода Зуҳриддин Шамол, ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Шарифов Хушнуд Изатуллоевич таъин гардиданд.

Ҳамзамон, бо фармоиши ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷриба ва кадрҳои тарбиятдидаи Консерватория ба вазифаҳои пурмасъулият таъин гардиданд.

Аз ҷумла, сардори раёсати таълим Қурбонов Оятулло Баракатуллоевич, декани факултети иҷрокунандагӣ Абдуллозода Эмомалӣ Асадулло, декани факултети санъати мусиқии эстрадӣ Исломов Нусрат Қудратович, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо хатмкунандагон Мирзоев Воҳид Маҷидович, мудири кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ Умаров Ҷӯрабек, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ Назархудоев Назархудо.

Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат таъкид намуданд, ки ин тағйирот бо мақсади тақвияти идоракунӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва корҳои эҷодӣ роҳандозӣ шудаанд.

Дар анҷом, аҳли кормандон ба шахсони навтаъин барои иҷрои вазифаҳои пурмасъулият барору муваффақият орзу намуданд.