Консерти мусиқии ҷаз
Дар доираи баргузории консертҳои синфӣ ва дарсҳои маҳорат имрӯз, 11.02.2026 дар Толори хурди Консерватоиияи миллӣ консерти мусиқии ҷаз бо иштироки хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи давлатии санъати шаҳри Маскав, Табрез Халилов (фортепиано) баргузор шуд. Дар консерт дар иҷрои Халилов Т. зиёда аз даҳ барномаҳои эстрадии мусиқии ҷаз аз эҷоди бастакорони тоҷик, рус ва аврупоӣ бо маҳорати баланд иҷро шуданд ва мавриди истиқболи баланди тамошобинон қарор гирифтанд.
Дар консерти мазкур ҳамчунин лауреатҳои озмунҳо ва фестивалҳои байналмилалӣ Ҷафар Халилов (бас гитара), Сайидо Амонов (саксофон), Умед Халилов (драм), Ҷасур Халилов (композитор, киборд) иштирок намуданд.
Дар фарҷом ректори Консерваторияи миллӣ Давлатзода Б.Д. баргузории чунин консерти зеборо ба созмондиҳандагони он муборакбод гуфт ва умед бар он намуд, ки чунин ҷавонони болаёқат ва ватандӯст баъди хатми муассисаҳои бонуфӯзи хориҷии санъати мусиқӣ ба Ватан баргашта, дар рушди мусиқии асли миллӣ ва аз ҷумла ҷаз, саҳми босазо мегузоранд.
Устодони санъати Тоҷикистон, Халилов С.М., раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Мӯсозода А.Қ. низ аз баргузории чунин консерти дилнишин ибрози хушӣ намуда, ба Консерваторияи миллӣ дар тарбияи шогирдони бомаҳорат ва баргузории чунин консертҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Баргузории чунин консертҳо баҳри муаррифии санъату истеъдоди баланди устодону омӯзгорон ва донишомӯзони Консерватория ва берун аз он муҳим ва зарур буда, дар омодасозии мутахассисони баландпояи навъҳои гуногуни санъати мусиқӣ мусоидат мекунанд.

