Намоиши дастовардҳо
8 февраи соли 2025 дар доираи нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки меҳмонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма намоиши дастовардҳо баргузор гардид. Таъкид шуд, ки созҳои мусиқии ба намоиш гузошташуда, маҳсули лабораторияи таълимии созтарошии назди Консерватория мебошад, ки соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Суратгузориш аз намоиши дастовардҳо.