Чеҳраҳои шинохтаи санъати мусиқӣ сазовори унвони «Профессори фахрӣ» гардиданд
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи баргузории Форуми байналмилалии фарҳангии ҳамватанони бурунмарзӣ дар шаҳри Душанбе, бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи аҳли фарҳангу ҳунар дар рушди санъати мусиқӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва муаррифии мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, як зумра чеҳраҳои шинохтаи соҳаи мусиқӣ бо унвони «Профессори фахрии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи қарори шурои олимон ва фармоиши ректори Муассисаи давлатии «Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов» шахсони зерин ба ин унвони ифтихорӣ сазовор дониста шуданд:
Ҳамроқулова Махфират – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, овозхон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;
Шкарупа Валерий Дмитревич – Ҳунарпешаи шоистаи Россия, ходими шоистаи санъати Федератсияи Россия, профессор, Федератсияи Россия;
Латиф-зода Алишер – композитор, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;
Парвиз Туробӣ – композитор, мутриб, Федератсияи Россия;
Ямпольский Виктор Исаакович – Ҳунарпешаи шоистаи Россия, пианинанавоз, роҳбари «Трио Рахманинова», Федератсияи Россия;
Аҳмади Баён – оҳангсоз, Ҷумҳурии Исломии Эрон;
Тамара Катаева – сароянда, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.
Сарфароз гардонидани ин чеҳраҳои шинохта нишони эҳтиром ба фаъолияти эҷодӣ ва саҳми онҳо дар рушди санъати мусиқӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик арзёбӣ гардида, барои густариши ҳамкориҳои эҷодиву илмии онҳо бо Консерваторияи миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ин иқдом дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои Консерваторияи миллӣ бо намояндагони соҳаи мусиқӣ дар хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.
