Гуфтугӯи наслҳо: Дирӯз, имрӯз ва фардои мусиқӣ
8 сентябри соли 2026 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии эҷодӣ таҳти унвони «Гуфтугӯи наслҳо: дирӯз, имрӯз ва фардои мусиқӣ» баргузор гардид.
Дар вохӯрии эҷодӣ композиторони маъруф Парвиз Туробӣ, Аҳмади Баён ва Алишер Латиф-зода, сарояндагони шинохта ва дар арсаи байналмилалӣ маъруфи тоҷик Махфират Ҳамроқулова ва Тамара Катаева, инчунин пианинонавозони машҳур Валерий Дмитриевич Шкарупа ва Виктор Исаакович Ямполский ба ҳайси меҳмонони фахрӣ иштирок намуда, бо устодону донишҷӯёни Консерватория суҳбати эҷодӣ ва мубодилаи афкор анҷом доданд.
Меҳмононро роҳбарияти Консерваторияи миллӣ истиқбол гирифта, дар толори конфронсӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонони фахрӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Ректори Консерваторияи миллӣ, номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессор Давлатзода Б.Д., меҳмононро ба Тоҷикистон ва махсусан ба муассисаи олии касбии мусиқии кишвар хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву эҷодӣ ва ташрифи аҳли ҳунару фарҳанги тоҷик аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар заминаи соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони бештар пайдо кардааст. Ба меҳмонони фахрӣ аз ҷониби роҳбарияти Консерватория туҳфаҳои хотиравӣ низ тақдим карда шуд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар устодону донишҷӯён бо меҳмонони фахрӣ суҳбати озод анҷом дода, оид ба масоили мубрами рушди мусиқии касбӣ, таҷрибаи эҷодӣ, нақши мактаби мусиқии миллӣ ва дурнамои рушди санъати мусиқии тоҷик мубодилаи афкор намуданд.
Зимни вохӯрӣ меҳмонон аз фаъолияти эҷодӣ ва таҷрибаи касбии худ нақл намуда, ба асарҳои эҷодкардаи донишҷӯён таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаҳои рушди композитсияи муосир, ҳифз ва идомаи анъанаҳои мусиқии миллӣ, ҷустуҷӯи равишҳои нави эҷодӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияҳои муосир дар эҷоди мусиқӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар кафедраи композитсия ва созбандӣ донишҷӯён бо истифода аз мавзуъҳои халқӣ ва равишҳои гуногуни эҷодӣ маҳорати касбии худро муаррифӣ намуда, аз композиторони соҳибтаҷриба маслиҳат ва тавсияҳои муфиди касбӣ гирифтанд. Ин мулоқот барои такмили маҳорати эҷодии донишҷӯён ва дарёфти роҳҳои нави ифодаи бадеӣ заминаи хуб фароҳам овард.
Ҳамзамон, дар толори калон сарояндагони маъруф Махфират Ҳамроқулова ва Тамара Катаева бо донишҷӯёни факултети санъати мусиқии эстрадӣ вохӯрии эҷодӣ баргузор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот донишҷӯён сурудҳои маъруфи меҳмононро бо ҳамроҳии ҳунармандон иҷро намуда, аз таҷрибаи саҳнавӣ ва маслиҳатҳои касбии онҳо баҳравар шуданд.
Дар толори хурд пианинонавозони машҳур Валерий Дмитриевич Шкарупа ва Виктор Исаакович Ямполский бо донишҷӯёни кафедраи фортепианои тахассусӣ дарсҳои маҳорат баргузор намуданд. Дар ин машғулиятҳо масъалаҳои муҳими иҷрои асарҳои фортепианӣ, техникаи навозандагӣ, тафсири бадеии асар ва такмили маҳорати саҳнавӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯёни кафедраи сарояндагии академӣ бо сарояндаи шинохта Ризвонгули Барот, хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон, дарси маҳорат баргузор намуданд. Дар рафти он ҷанбаҳои муҳими маҳорати овозхонӣ, фарҳанги иҷро ва омодагӣ ба саҳнаи касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён ва меҳмонони фахрӣ саволу ҷавоб баргузор гардида, донишҷӯён ба суолҳои худ посухҳои муфассал гирифта, аз таҷрибаи ғании ҳунармандони соҳибтаҷриба баҳравар шуданд.
Баргузории чунин вохӯриҳои эҷодӣ дар заминаи таҳкими робитаи наслҳо, табодули таҷрибаи касбӣ, рушди истеъдодҳои ҷавон ва тарбияи насли нави ҳунармандони соҳибкасб аҳаммияти муҳим дошта, ба таҳкими мавқеи санъати мусиқии касбии тоҷик ва рушди минбаъдаи он мусоидат менамояд.
