Чорабинии ҷашнӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Posted Tue, 11/04/2025 - 19:22
By admin
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Конститутсия санади муқаддасест, ки пояи давлатдорӣ, адолат ва ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро таъмин мекунад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар партави ҷашни муқаддаси 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори бахши илм ва эҷоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, чорабинии илмӣ-фарҳангии бошукӯҳ таҳти унвони «Конститутсия ва масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар толори калони Консерватория бо иштироки устодон, донишҷӯён ва намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ доир шуда, бо садои Суруди миллӣ ва ибрози эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ оғоз ёфт.

Чорабинии ҷашнӣ дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Конститутсия — пояи давлатдорӣ ва фарҳанг

Бо сухани ифтитоҳӣ ректори Консерватория, номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатозода Баҳодур Давлат баромад намуда, зикр кард, ки Конститутсия барои мардуми Тоҷикистон на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлолият, ваҳдат ва асолати давлатдории миллӣ мебошад.

Ба таъкиди ӯ, маҳз дар партави ин санади муқаддас, фарҳанг ва ҳунари тоҷик ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, созандагӣ ва бедории фарҳангӣ ба рукни муҳими ҳаёти ҷомеа табдил ёфтааст.

Сипас, и.в. профессори кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Сайфулло Сафаров бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Конститутсия ҳамчун инъикоскунандаи арзишҳои маънавии халқи тоҷик» суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Конститутсия таҷассумгари хиради сиёсӣ ва фарҳанги волои халқи тоҷик буда, арзишҳои инсонпарварӣ ва озодандеширо дар худ таҷассум мекунад.

🎶Барномаи консертӣ — тараннуми меҳру вафо ба Ватан

Қисмати дуюми чорабинӣ ба барномаи консертии идона бахшида шуд, ки онро донишҷӯёни болаёқати Консерватория бо ҳунари баланду эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро намуданд.

Барномаи фарҳангии мазкур бозгукунандаи рӯҳи созандагӣ ва худшиносии миллӣ буд.Иҷрокунандагон бо ҳунари воло ва эҳсоси ватандӯстона садои шукрона ва вафодории худро ба Ватан, ба Истиқлолият ва ба арзишҳои миллӣ баён намуданд.Ин барнома бори дигар нишон дод, ки фарҳанги тоҷик реша дар гузашта, қудрат дар имрӯз ва неруи созанда барои фардо дорад.

Дар анҷом метавон бо итминон гуфт, ки чорабинии фарҳангии бахшида ба 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо таҷлили як санаи таърихӣ, балки арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанг ва давлатдории тоҷикон буд.

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аҳли илму ҳунар имрӯз Конститутсияро на танҳо қонуни олӣ, балки сарчашмаи ваҳдат, эътимод ва худшиносии миллӣ медонанд.
Ин гуна чорабиниҳо ифодаи сипос ба сулҳу субот ва нишони муҳаббат ба Ватан мебошанд.