Омӯзиши вазъи иҷрои сарбории таълимии омӯзгорон ва фаъолияти кафедраҳо

Posted Thu, 26/11/2026 - 08:36
By admin
Консерваторияи миллии Тоҷикистон

25 ноябри соли 2026 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бо иштироки намояндагони Раёсати таҳсилоти касбии Маркази дахлдори соҳаи маориф омӯзиши вазъи иҷрои сарбории таълимии омӯзгорон ва фаъолияти кафедраҳо баргузор гардид.

Чорабинӣ дар асоси талаботи «Дастурамал оид ба таҳияи сарбории ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2023, № 8/26 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он омӯзиши вазъи иҷрои сарбории таълимӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрӣ ва таҳлили фаъолияти таълимию методии кафедраҳо мебошад.

Нахуст, сардори раёсати таълими Консерватория Қурбонзода Оятулло ба сухан баромада, меҳмононро ба муассиса хайрамақдам гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки омӯзиши мазкур барои арзёбии вазъи воқеии фаъолияти таълимӣ, муайян намудани имкониятҳои мавҷуда ва боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳсилот аҳаммияти муҳим дорад.

Сипас, сармутахассиси Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломова Хоҷибибӣ оид ба ҳадаф ва вазифаҳои асосии омӯзиш суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки яке аз омилҳои муҳҳими таъмини сифати таҳсилоти олӣ дуруст ба роҳ мондани банақшагирӣ ва иҷрои сарбории таълимии ҳайати омӯзгорон мебошад. Ба гуфтаи мавсуф, риояи талаботи дастурамали мазкур, шаффофияти тақсимоти соатҳои таълимӣ, мутобиқати сарборӣ ба нақшаҳои таълимӣ ва назорати иҷрои он барои баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон ва самаранокии раванди таълим заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, сармутахассиси Маркази Ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиров Ҳотам дар баромади худ масъалаҳои марбут ба фаъолияти таълимию методии кафедраҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуданд, ки таҳия ва нашри дастурҳои таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ ва дигар маводи соҳавӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти илмӣ-педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад. Зикр гардид, ки омӯзиши натиҷаҳои фаъолияти кафедраҳо дар ин самт барои муайян намудани дастовардҳо, таҷрибаи пешқадам ва масъалаҳои мавҷуда, инчунин таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили минбаъдаи фаъолияти методӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар қисмати ҷамъбастӣ муовини ректор оид ба таълим Аҳмадзода Зуҳриддин аз номи роҳбарияти Консерватория меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ва ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд. Мавсуф таъкид карданд, ки чунин омӯзишҳо барои таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти сохторҳои таълимӣ, бартараф намудани камбудиҳои эҳтимолӣ ва муайян кардани роҳҳои такмили раванди таълим аҳаммияти махсус доранд. Ҳамчунин, омодагии Консерватория ҷиҳати ҳамкории ҳамаҷониба бо гурӯҳи корӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷату маълумоти зарурӣ изҳор гардид.

Дар доираи омӯзиши мазкур, ҳамзамон, фаъолияти кафедраҳои Консерватория дар самти таҳия, нашр ва истифодаи дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ дар ду соли охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки чунин тадбирҳо ба таҳкими низоми назорати сифати таҳсилот, баланд бардоштани масъулияти ҳайати омӯзгорон, такмили фаъолияти таълимию методӣ ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи муосири таҳсилоти олии касбӣ мусоидат менамоянд.