Консерти синфии и.в. дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Шарифзода Муҳаррама

29-уми майи соли 2025 дар толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, консерти синфии и.в. дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Шарифзода Муҳаррама баргузор гардид.
Дар барномаи мазкур 7 суруд садо дод. Суруду оҳангҳои халқӣ бо матни шоирони муосир - Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Сафармуҳаммад Аюбӣ иҷро шуданд. Донишҷӯён сурудҳоро хеле хуб иҷро намуда, хотири ҳозиринро шоду болида гардониданд.
Дар фарҷом, ректори Консерваторияи миллӣ номзади илмҳои санъатшиносӣ Давлатзода Баҳодур, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов суханронӣ намуда, барои иҷрои беҳтарин, қадамҳои устувор дар роҳи сарояндагӣ ба донишҷӯён муваффақияту комёбиҳои боз ҳам бештар орзу намуданд.