Мизи мудааври кафедраи сарояндагӣ ва навозандаги
Дар доираи «Ҳафтаи илм дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва чорабиниҳои илмӣ» имрӯз (25.04.2025) мизи мудааври кафедраи сарояндагӣ ва навозандагии факултети санъати мусиқии эстрадӣ зери унвони «Санъати мусиқии эстрадӣ: вазъ ва дурнамо» барпо гардид.
Дар мизи мудаввар суханронии омӯзгори калон Халилов Ҷ.С., омӯзгори калон Маҳмадов А., и.в. дотсент Неъматов Б., омӯзгори калон Исломов Н.Қ. ва омӯзгор Каримов Р. шунида шуд.