Нишасти матбуотии дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Mon, 08/05/2024 - 18:43
By admin
Нишасти матбуотии дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 ва нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2024 Раёсати Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов 5 августи соли 2024 оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассиса дар нимсолаи якуми соли 2024 бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд.

Нишасти матбуотиро ректори муассиса Достизода Миралӣ ифтитоҳ бахшида, дар бораи фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ – тарбиявӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва хоҷагидории Консерватория дар нимсолаи якуми соли 2024 маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Зикр гардид, ки дар тӯли шаш моҳи аввали соли 2024 устодону донишҷӯёни Консерватория ба як қатор дастовардҳои илмиву эҷодӣ ноил гардида, бо ҳунару маҳорати хеш санъати мусиқии касбии тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, моҳи марти соли равон ансамбли донишҷӯёни шуъбаи созҳои халқӣ дар озмуни байналмилалӣ таҳти унвони “Навруз садолари”, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Ҳамчунин, 27-30 июн Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, и.в. дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Хуршед Иброҳимзода дар дуввумин фестивали байналмилалии санъати мақомхонӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷойи аввал гардид.

Бо иштироки устодону ҳунармандон аз хориҷи кишвар як қатор дарсҳои маҳорат ва консертҳои муштарак ташкил ва баргузор карда шуд.

Дастовардҳои илмии муассиса низ хеле назаррас буда, дар давраи ҳисоботӣ профессорону омӯзгорон дар 3 конференсияҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Бори аввал 3 нафар докторант докторантураро аз рӯйи ихтисос (PhD) хатм намуда, 2 нафар рисолаҳои худро аз муҳокима гузарониданд. Ҳафтаи илм дар сатҳи зарурӣ баргузор карда шуд. 2 нафар устодон соҳиби унвони илмӣ гардиданд. Китобхонаи Консерватория дар озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” иштирок намуда, дар номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ” сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти Консерваторияро дар нисолаи якуми соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ намуда, бо боварии том метавон гуфт, ки Раёсати Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи талабхӯҷа Сатторов фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳдошти сифати таълим, таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотӣ, нақшаҳои таълимӣ, корҳои илмӣ-методӣ, эҷодиву иҷрокунандагӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон тамоми потенсиали худро баҳри иҷрои рисолати олии муассиса - омодасозии мутахассисони касбии соҳаи санъати мусиқӣ равона менамоянд.

Дар охири нишасти матбуотӣ ректори Консерватория Достизода Миралӣ ба саволҳои намояндагони ВАО посух дода, аз номи роҳбарияти муассиса ба иштирокчиёни нишасти матбуотӣ - намояндагони васоити ахбори омма барои таваҷҷуҳи доимиашон ба раванди кору таҳсил дар таълимгоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.