Консерти синфии ҳунарпешаи халқии тоҷикистон Баҳодур Неъматов

Posted Fri, 15/05/2026 - 22:28
By admin
Баҳодур Неъматов

Дар доираи баргузории консертҳои синфӣ ва ҳисоботии устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, санаи 15-уми майи соли 2026, соати 15:00 дар толори хурди Консерваторияи миллӣ консерти синфии дотсенти кафедраи сарояндагии эстрадӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов баргузор гардид.

Дар барномаи консертӣ роҳбарият, устодон, донишҷӯён ва дӯстдорони санъати мусиқӣ иштирок намуда, аз маҳорати шогирдони устод Баҳодур Неъматов баҳравар гардиданд. Шогирдон бо сатҳи касбият ва ҳунари иҷрокунандагӣ як қатор сурудҳои дилнишинро аз эҷодиёти устод ва инчунин аз осори бастакорони маъруфи тоҷик пешкаши ҳозирин намуданд.

Барномаи консертӣ аз асарҳои гуногунжанру рангин иборат буда, фазои гарму ҳунариро дар толор ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, сурудҳои зерин иҷро гардиданд:

• «Гулҳои Душанбе» ‒ шеъри Б. Фаррух, оҳанги Ю. Лядов;

• «Руди кӯҳӣ» ‒ шеъри М. Турсунзода, оҳанги М. Атоев;

• «Интизорӣ» ‒ шеъри А. Шукӯҳӣ, оҳанги Ф. Шаҳобов;

• «Ошиқаме» ‒ шеъри Л. Шералӣ, оҳанги А. Одинаев;

• «Ҷон модарам» ‒ шеъри Л. Кенҷаева, оҳанги Б. Неъматов;

• «Мепарварам» ‒ шеъри А. Шукӯҳӣ, оҳанги Ф. Солиев;

• «Саригален» ‒ оҳанги халқии озарбойҷонӣ;

• «Ватан» ‒ шеъри Р. Мубориз, оҳанги Б. Неъматов;

• «Муждаи баҳор» ‒ шеъри А. Бедил, оҳанги А. Ҷӯраев;

• «Фатҳи об» ‒ шеъри Ҳ. Файзулло, оҳанги М. Атоев;

• «Шод омадӣ» ‒ шеъри Л. Шералӣ, оҳанги Б. Неъматов;

• «Ҳодило дил» ‒ шеъри А. Лоҳутӣ, оҳанги М. Атоев;

• «Дунёи ҷавонӣ» ‒ шеъри Ҳ. Ғоиб, оҳанги Ҳасанҷон Неъматов.

Тамошобинон ҳар як баромади ҳунармандонро бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол намуда, ба маҳорати иҷрокунандагӣ, интихоби репертуар ва омодагии касбии донишҷӯён баҳои баланд доданд. Консерти мазкур бозгӯйи заҳмати пайваста ва фаъолияти самараноки омӯзгорӣ ва эҷодии устод Баҳодур Неъматов дар тарбияи насли ҷавони ҳунарманд мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ номзади илмҳои филологӣ, муовини ректор оид ба илм Шарифзода Лутфулло, профессори Консерватория Яҳёзода Қудратулло ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаррама Шарифзода суханронӣ намуда, баргузории чунин консертҳои синфиро дар рушди маҳорати касбӣ, тарбияи завқи эстетикӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибистеъдоди соҳаи санъати мусиқӣ муҳим арзёбӣ карданд. Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки фаъолияти омӯзгорӣ ва эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов барои ҷавонон мактаби воқеии ҳунар ва таҷрибаи арзишманди касбӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин, ба ҳунару истеъдоди донишҷӯён ва сатҳи омодасозии онҳо баҳои баланд дода шуда, ба устод ва шогирдонаш дар фаъолияти минбаъдаи эҷодӣ комёбиҳои нав орзу намуданд.