Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Posted Fri, 11/14/2025 - 19:27
By admin
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 14 ноябри соли 2025 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки номояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нахуст, ректори Консерватория миллӣ номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсент Давлатзода Баҳодур Давлат чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зимни баромади табрикотии худ қайд намуданд, ки ҳадафи мо аз ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, эҳтиром гузоштан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан ва қадршиносии хизматҳои шоистаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат ба ҳисоб меравад.

Сипас намояндагон бо баромади пурмуҳтаво ва самимии худ аҳли нишастро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуданд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки эълони Истиқлолият дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад. Дар он аём, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ авҷ мегирифт, ба миллати тоҷик роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми нерӯи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона сохтамиллатро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.

Ҳамзамон қайд, ки интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳоди давлатӣ рӯҳ ва маънои бузург бахшида, мақоми президентиро ба як неруи наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.

Илова бар ин фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин тарзи идоракунии давлатиро такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии тоҷиконро ба вуҷуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятҳои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.

Таҷлили Рӯзи Президент рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯён консерти ҷолиберо бо истифода аз сурудҳои ватандӯстона ва дар васфи Пешвои миллат пешкаши ҳозирин гардонидан, ки аз ҷониби ҳозирин хеле хуб пазируфта шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки донишҷӯёни курси аввал низ дар васфи Пешвои миллат аз эҷодиёти шоирони муосир, ки меваи шаҳдбори Истиқлолияти давлатиро чашидаанд, қироати шеър намуданд.

Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром, ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа, истиқбол намуда, ҳамаи дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сиёсати давлатдории ӯ вобаста медонад.