Сазовори ҷойи сеюм аз рӯйи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ”

Posted Tue, 04/23/2024 - 21:43
By admin
Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ

Бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт, Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Дар асоси ин Қарор ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар самти баланд баргузор карда мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки имсол китобхонаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар озмуни мазкур иштирок намуда, дар даври шаҳрии он аз рӯйи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ” сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ҳамзамон, сардори шуъбаи иттилоот ва робитаҳои байналмилалии Консерватория Рамзия Ҷӯраева аз курси такмили ихтисос дар Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатӣ аз рӯйи барномаи “Ҳамоҳангсозии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва таъмини ҳифзи манфиатҳои миллӣ” бо муваффакият гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардид.
Умедворем, ки ин муваффақиятҳо барои боз ҳам беҳтар ва содиқона хизмат намудани кормандони Консерватория дар самти фаъолияти онҳо заминаи мусоид хоҳад гузошт.